Категорияҳо

Дар синфхонаи 304 таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Лола Сафиаллоева донишҷӯёни соли 2-юми ихтисоси забони фаронсавӣ.Минтақашиносӣ дарси тарбиявиро бо номи “Омӯзгор чароғи маърифат ва боигарии миллат аст” доир намуданд.

Лола Сафиаллоева дар оғози дарс изҳор дошт, ки омӯзгор бояд дар бораи хислат, истеъдод ва ба кадом кор қодир будани шогирдонаш маълумоти муфассал дошта бошад. Аз байни донишҷӯёнаш истеъдодҳои гуногунро ёфта, баҳри сайқали дониши онҳо кӯшиш намояд.

Пас аз шеъру сурудҳо дар бораи муаллим донишҷӯён образеро аз ҳаёти омӯзгор пешниҳод намуданд, ки муҳтавои он хусусияти тарбиявӣ дошт. Муҳассилин устодро на одами хокӣ, балки фариштаи осмонӣ ташбеҳ намуда, чунин гуфтанд: “Омӯзгор баҳри ҳидояти мо ба замин омадааст ва ногуфта намонад, ки ҳамин ҳидоятгарони насли одам дар ин донишкада ба мо таълим медиҳанд. Агар дар ҳаёт мо соҳиби кадом касбе набошем ва дар кадом сохторе фаъолият нанамоем, ин самараи меҳнати омӯзгор хоҳад буд.”

P1260884
P1260887
P1260888
P1260891
P1260892
P1260894

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…