Категорияҳо

6-уми октябр дар толори фарҳангии донишкада бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо ташаббуси кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд, ки дар он муовинони ректор ва деканҳои факултаҳо иштирок намуданд.

Донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси забони муосири хориҷии (тарҷума, забони англисӣ) факултаи забонҳои романӣ-германӣ дар оғози барнома саҳнаи тарбиявиеро ба намоиш гузошта, бо сурудҳои дилнишин ва шеъру таронаҳои худ хотири устодонро болида гардониданд.

Ҳамчунин, муҳассилин аз бузургӣ ва нақши омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, зикр намуданд, ки устодон роҳнамову дастгири мо, донишҷӯён ҳастанд.

Мудири кафедраи номбурда, профессор Назир Азимзода бо суханронии худ ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшид.

20181006_152849
20181006_152933
20181006_153000
20181006_153040
20181006_153130
20181006_153918
20181006_154233
20181006_155715
20181006_155756
20181006_160429

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…