Категорияҳо

Бо қарори раёсати донишкада аз моҳи сентябри соли ҷорӣ донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик бинобар нарасидани синфхона дар синфхонаҳои нави таълимие, ки дар маҳаллаи Маяковский ташкил карданд, таҳсили худро идома дода истодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи мазкур Фирдавс Давлатов зикр намуд, ки дар бинои нави таълимӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам намуда истодаанд, аз ҷумла, 13 синфхонаи таълимӣ барои 276 нафар донишҷӯён дар як баст хизмат мерасонад.

- Дар рӯзҳои аввал баъзе норасоиҳои ҷузъӣ ба назар мерасид, аммо ҳоло масъалаҳо ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтаанду муҳассилин фаъолона идомаи таҳсил доранд, - илова намуд, Фирдавс Давлатов.

Рӯзи 3-юми октябр бо тамоми донишҷӯёни факултаи номбурда суҳбат намуда, шоҳиди он гардидем, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву меҳанпарастӣ дарс мехонанд.

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…