Категорияҳо

Кормандон ва донишҷӯёни донишкада пайваста бо мақсади дастаҷамъӣ тоза кардани саҳни таълимгоҳ ва нарм кардани бехи дарахтону гулҳо шанбегӣ доир менамоянд.

Санаи 6-уми октябр ректори донишкада, профессор М. Раҷабзода ҷамъомадагонро ба пос доштани арзишҳои миллӣ, ахлоқию маънавӣ, гуманистию зебоипарастӣ, санитарию гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф даъват кард.

Баргузории чунин шанбегиҳо аз як тараф агар барои покизакории муҳити зист сабабгор гардад, аз ҷониби дигар ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон барои покизагию озодагӣ, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки шанбегӣ бо ширкати беш аз 200 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон таҳти унвони “Ободии донишкада вазифаи мост” гузаронида шуд.

20181006_093403
20181006_093456
20181006_093500
20181006_093500 - копия
20181006_093549 - копия (2)
20181006_093717 - копия (2)
P1260806
P1260807
P1260808

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…