Категорияҳо

Санаи 6-уми октябри соли равон дар гурӯҳи 2101та (ихтисоси таҳсилоти томактабӣ)-и факултаи забонҳои романӣ-германӣ бо иқдоми сарпарасти гурӯҳ Лола Сафиаллоева дарси кушоди тарбиявии пурмазмун бахшида ба Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.

Дарси кушод бо фарогирии мазмуну муҳтавои баланди ахлоқӣ доир шуда, дар он мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ А.Наврасов, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Н.Азимзода ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.

Донишҷӯёни соли аввал бо истифода аз ҳунару истеъдоди нотакрори худ рӯҳи ҳозиринро болида гардонида, устодро равшангари имрӯзу фардои хеш номиданд.

Дар фароварди дарс ба аҳли гурӯҳ аз ҷониби устодони иштирокчӣ баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла, бо як ҷаҳон таассурот А.Наврасов гуфт, ки аҳсан ба сарпарасту аҳли гурӯҳ, ана ҳамин аст асолати аслии омӯзгор.

P1260829
P1260833
P1260836
P1260843
P1260851
P1260858
P1260870

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…