Категорияҳо

Бо ташаббуси куратори гурӯҳи 118-и факултаи филологияи рус Доро Суҳробӣ ва омӯзгор Соҳиб Мелиев санаи 22-юми сентябр дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист”, бахшида ба 1160-солагии сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ доир гардид.

Дар дарс муовини ректор оид ба тарбия Зебуниссо Бобоалиева, декани факултаи филологияи рус Мавлуда Товбаева ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.

Муҳтавои дарс фарогири ҷанбаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, маданӣ-фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба гузаштагон ва бедоркунандаи ҳувияти милливу инсондӯстӣ дар вуҷуди донишҷӯён буд. Бояд қайд кард, ки барномаи дарс бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардид.

Дар фароварди чорабинӣ декани факулта изҳори андеша намуда чунин гуфт: “Донишҷӯёни азиз, ба қадри ҷавонӣ, меҳру садоқати дӯстӣ ва меҳанпарвариву худшиносӣ бирасед...”

Ҳамин тавр, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ба раванди дарси кураторӣ баҳои баланд дода, ба донишҷӯён нидоҳои аҳсану офарин хонд.

P1220909
P1220910
P1220911
P1220917
P1220920
P1220923
P1220926
P1220927
P1220929
P1220934
P1220941
P1220945
P1220949
P1220950
P1220956
P1220957
P1220962
P1220967
P1220974
P1220977
P1220983
P1220987
P1220992

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…