Категорияҳо

Бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи адабиёт 18-уми сентябр дар донишкада бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ поягузори назми оламгир» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда қайд кард, ки Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.

Баъдан, Шамсиддин Муҳаммадиев, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классики Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар мавзӯи “Нигоҳе ба маъхазҳои осори бозмондаи Рӯдакӣ” баромад намуда изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар паҳлуҳои пурқимати ашъори устод Рӯдакӣ бештар ба панду андарзҳои ҷовидонии ӯ, ки дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст аҳамияти муҳим доранд, ниёзмандем.

Дар идома ҳамчунин муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик Рухшона Восиева ва муаллими калони кафедраи ёдшуда Шавкат Боев баромад намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар охир донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик барномаи фарҳангиеро бахшида ба рӯзгори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешкаши ҳозирин карданд.

P1220857
P1220858
P1220863
P1220866
P1220871
P1220874
P1220878
P1220880
P1220884

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…