Категорияҳо

Рӯзи 14-уми сентябр масъулини воломақоми давлатӣ бо интихобкунандагони ноҳияи Сино ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада мулоқоти судманд доир намуданд.

Сараввал вакили Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Саидов доир ба масъалаҳои гуногуни рушди ҷомеа изҳори андеша карда, иброз дошт, ки истиқлолият барои ҳар як мамлакат дастоварди беназири таърихӣ аст, зеро аз ин сана оғози эҳёи давлатдории миллӣ дар фазои комилан нави сиёсӣ ибтидо мегирад. Эҳёи давлатдории миллӣ ва фазои нави сиёсӣ дар кишвари мо маҳз бо шарофати истиқлолият манша гирифтааст.

Сипас, Абдуҳалим Ғафуров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баромад намуда, чунин таъкид кард: “Мо як бор бадбахтиро аз сар гузарондем ва аз ин рӯ, набояд ба хатои дигар роҳ диҳем. Душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар ин ҳақиқатро бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид аст ва иҷрои ҳар гуфтаю фармудаи Пешво барояшон қарзи инсониву шаҳрвандист”.

Дар ҷамъомад, инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Заррина Файзуллозода суханронӣ намуд.

P1220779
P1220788
P1220790
P1220792
P1220817
P1220820
P1220821
P1220826
P1220827
P1220835

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…