Категорияҳо

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, талқини арзишҳои миллӣ ва бохабар шудан аз дирӯзу имрӯзи пойтахти тоҷикони рӯйи ҷаҳон - Душанбешаҳр ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, 11-уми июн дар Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун»-и ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мо ҷавонон-пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид, ки қисми асосии он ҷамъбасти як қатор озмунҳо байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии пойтахт буд.

Аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабарнигори ҷамоатии нашрияи «Паёми донишҷӯ» Аҳдия Умарова дар озмуни мақолаи беҳтарин бо рашҳаи қалами хеш таҳти унвони «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо» ширкат намуда, сазовори ҷойи дуюм шуд. Ҳамчунин, донишҷӯйи соли 1-уми факултаи забонҳои романӣ-германӣ Шукрона Маҷнунова барои иштироки фаъолона дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри сулҳ» бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

Аҳдия ва Шукрона мегӯянд, ки имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботу якпорчагии Ватани ободу осуда, мо - ҷавонон ва донишҷӯёни шаҳри Душанбе, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худро хушбахтарин насл меҳисобем ва эҳсоси ғамхориву дӯстдориҳои раиси шаҳрамон, муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳар сари қадам бо фараҳмандӣ эҳсос менамоем.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе доир шуд, ки дар он раиси раёсати номбурда Иброҳим Мирзозода ва нависандаи маҳбуби халқи тоҷик Кароматулло Мирзо ширкат намуданд.

Ҳайати эҷодии нашрияи “Паёми донишҷӯ” ба Аҳдия Умарова ва Шукрона Маҷнунова барои шарафёб шудан ба ин дастовардҳо таҳният гуфта, барояшон бурдбориву комёбӣ таманно дорад.

P1200742
P1200744
P1200755
P1200762
P1200767
P1200771
P1200772

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…