Категорияҳо

Санаи 8-уми июн таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи забонҳои романию германӣ Лола Сафиаллоева маҳфили «Дуруд ба Фаронса» бо иштироки фаъоли аъзои маҳфил - донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавӣ доир гардид.

Дар оғоз иштирокчиён суруд, рақс, саҳначаи тарбивӣ ва шеърҳо бо забони фаронсавӣ пешниҳод намуда, исбот карданд, ки дар як соли таҳсил бо ин забон озодона ҳарф зада метавонанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби чанд тан аз донишҷӯён пешниҳод гардид, ки дар маҳфилҳои оянда омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо даъват карда шаванд, чунки, - аз ташриф ва машварати додаи омӯзгорон мо донишҷӯён аз камбудиҳои хеш воқиф гашта, баҳри рафъи онҳо камар мебандем, - афзуд Ш.Муҳаммадиева.

- Агар омӯзгорон дар чорабиниҳое, ки мо иштирок мекунем, ҳузур дошта бошанд, хеле хурсанд мешавем, зеро будани онҳо бароямон неру мебахшад,- мегӯяд аъзои маҳфил Тобон Бобоева.

P1200701
P1200704
P1200706
P1200707
P1200709
P1200713

 

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…