Категорияҳо

Бо ибтикори факултаи забонҳои шарқ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишкада намоиши ҳунарҳои дастии донишҷӯён барпо гардид.

Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада, зикр кард, ки бо баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меояд, то дар ҷодаи ҳунармандӣ донишҷӯёни боистеъдод рӯйи кор оянд ва ба аҳли ҷомеа муаррифӣ шаванд. “Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманду ҳунардӯст буд. Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба ин ҷузъи фарҳанги миллӣ нафаси тоза таҷаллӣ карда истодаанд”, - афзуд М. Раҷабзода.

Дастандаркорони чорабинӣ ба ҷуз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, ҳунари хаттотӣ ва кандакории хат дар рӯйи чӯб бо офаридани мазмунҳо аз гуфтаҳои бузургони миллат, аз ҷумла, суханрониҳои Пешвои миллат ва чакидае аз адибону шоирони классикӣ бо дасти донишҷӯён ва гӯшаи дастовардҳои кафедраи забонҳои Шарқи Наздикро созмон дода буданд, таваҷҷуҳи касро ба худ ҷалб менамуд.

hunar1
hunar10
hunar11
hunar2
hunar4
hunar6
hunar7

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…