Категорияҳо

Рӯзи 10-уми апрел чун анъана конфренсияи илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар замони рушди инноватсионӣ» доир гардид, ки дар он ректори таълимгоҳ, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни баромади хеш, аз ҷумла, таъкид дошт, ки донишкадаи бонуфузи мо, ки макони илму дониш аст ва тайи чанд соли охир дар ҷодаи илм ба муваффақиятҳои беназир ноил шудаст.

- Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баёнгари муносибати ҷиддӣ ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон аст. Бояд зикр кард, ки мушкилии норасоии оби ошомиданӣ одӣ набуда, балки проблемаи асосии замони муосир мебошад, - илова намуд М. Раҷабзода.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Олимҷон Маҳмадҷонов, изҳор дошт, ки раёсат меҳнати тамоми устодонро қадр менамояд. Аз ин рӯ, омӯзгорон ҳам ҷавобан, барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти донишкада ва нуфузи онро баланд бардоштан, тамоми кӯшиши худро харҷ намоянд.

Суханронии дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ Абдуллозода Ҳикматулло дар мавзӯи «Захираҳои оби Тоҷикистон ва оқилона истифода бурдани он», маърӯзаи дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Ғайбулло Икромов бо номи «Терроризм ва ифротгароӣ-хатари глобалӣ дар ҷаҳони муосир» ва баромади муаллими кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Миракзода Фариддун дар мавзӯи «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ» анҷомбахши қисми ифтитоҳии конфренсия гардиданд.

Конфренсия кори худро то 17-уми апрел дар бахшҳо идома медиҳад.

aprel1
aprel2
aprel6
aprel8

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…