Категорияҳо

Як гурӯҳ донишҷӯёни соли аввали факултаи филологияи тоҷик (ихтисос-забон ва адабиёти тоҷик) бо пешниҳоду роҳбарии куратори гурӯҳ С. Давлатсаидов як рӯзи омӯзиши худро дар Қалъаи Ҳисори шодмон сипарӣ карданд.

Тавре роҳбари гурӯҳ хабар дод, 10-уми апрел бо иштироки васеи донишҷӯён, дар манзараи дилфиреби як гӯшаи Ватани азизамон, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Ёдгориҳои таърихии Ҳисор» дарси тарбиявӣ баргузор намудам. Ростӣ аз ин сафар хотириҳои фаромӯшнашавандаи зиёде дорам, зеро дар он рӯз шодии муҳассилинамро ҳадду канор набуд. Ҳар яке мехост, ки дар бораи ин макони таърихӣ маълумоти бештаре пайдо кунад ва ман ҳам ба саволҳои онҳо ҷавоб медодам…

- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, аз ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимии ниёгон такони ҷиддие хоҳад буд, - изҳор дошт куратори гурӯҳ С.Давлатсаидов.

Мақсад аз баргузории дарсҳои кураторӣ дар маконҳои таърихӣ, ин муаррифии таъриху фарҳангӣ бою рангини халқи тоҷик мебошад.

hisor1
hisor3
hisor5
hisor6

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…