Категорияҳо

Бо пешниҳоди раёсати донишкада ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири кафедраи забонҳои Шарқи Наздик Меҳроҷиддин Сафаров аз 2-юми феврал то 3-юми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб аз такмили ихтисос гузашт.

Мавсуф зимни суҳбат ба хабанигори «Паёми донишҷӯ» гуфт, ки бароям ин сафар хеле хотирмон сипарӣ шуд, зеро баробари расидан ба ин кишвар намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб моро истиқбол намуда, маконҳои таъхирии ин сарзаминро муаррифӣ карданд.

- Курси такмили ихтисос 150 соати таълимиро дарбар мегирифт, ки онро дар муҳлати як моҳ ба анҷом расонидем. Омӯзгорон бо методҳои гуногун дарс медонанд. Инчунин, дар доираи чорабиниҳои курси мазкур дар симпозиум таҳти унвони «Аҳамияти ҳифзи забони модарӣ (арабӣ)», ки дар Академияи забони арабии шаҳри Қоҳира баргузор гардид, иштирок намуда, аз таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи забони давлатӣ суханронӣ намудам. Боиси тазаккуру хурсандист, ки чанд нафар сокинони ин сарзамин озодона бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд, - изҳор дошт М.Сафаров.

Имрӯзҳо барои сафарбар намудани омӯзгорон ба мамлакатҳои хориҷа роҳбарияти донишкада тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст. Қариб дар ҳама ҷаласаҳо ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода таъкид менамоянд, ки бояд омӯзгоронро барои такмили ихтисос ба донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар равон кунем.

Аз ин рӯ, шуъбаи робитаҳои байналмилалиро мебояд, ки барои амалӣ намудани ин пешниҳодҳо тамоми кӯшиши худро сарф карда, дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгоронро ба ин ё он давлатҳои хориҷа фиристад. Ин ба манфиати кор аст, зеро онҳо пас аз таҳсил бо диди наву дили гарм ба донишҷӯён дарс мегӯянд…

misr1
misr2
misr3
misr4
misr5

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…