Категорияҳо

Бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик бахшида ба 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсияте, ки дар пойдории миллат саҳми босазо дорад-Садриддин Айнӣ 3-юми апрел дар донишкада конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули забон ва адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид.

Нахуст ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода доир ба хизмати устод Садриддин Айнӣ барои миллат ва адабиёт сухан гуфта, қайд кард, ки хизмати устод Айнӣ барои татбиқи дӯстии байни халқҳо хеле бузург аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш фармудаанд: «Дар садаи бист Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандинасраи робитаҳои адабии байни ду халқи дӯст буд. Устод Айнӣ бо адибони маъруфи ӯзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом — шахсан шинос буд ва бо онҳо ҳамкории наздики эҷодӣ дошт».

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов бозтоби чеҳраҳои бузурги фарҳангиро дар осори устод мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ қайд намуд, ки дар солҳои 20-уми асри гузашта Садриддин Айнӣ барои устувор кардани мавқеи миллат ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан он камар баста буд.

Аламхон Кучаров, узви вобастаи Академаи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади худ гуфт, ки осори Садриддин Айнӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва таърихӣ хеле бой аст. Гузашта аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзишманди устод Айниро ба инобат гирифта, чандин муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву фароғатиро ба номи устод номгузорӣ намудааст.

Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов дар мавзӯи «Намунаи адабиёти тоҷик» асари пурқиммати илмӣ, бадеӣ ва таърихӣ» ва Хосият Олимӣ декани факултаи филологияи тоҷик, дар мавзӯи “Баъзе масоили бархурди ақоид дар “Таърихи инқилоби Бухоро”-и С. Айнӣ” баромад карданд.

ayni1
ayni10
ayni11
ayni2
ayni3
ayni4
ayni5
ayni6
ayni7
ayni8
ayni9

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…