Категорияҳо

Рӯзи 12 март маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва доираи васеи рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат намуданд.

Ш.Орумбекзода журналистонро ба иди касбиашон табрик гуфта, ба як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар Дипломи Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Аз ҷумла, рӯзномаи «Паёми донишҷӯ»-и донишкадаи мо ҳам бо Диплом қадрдонӣ карда шуд.

Наздики ду сол мешавад, ки нашрияи «Паёми донишҷӯ» бо дастгирии ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода пайваста интишор мешавад. Хонандагони нашрия мегӯянд, ки «Паёми донишҷӯ» тавонист дар як муддати кӯтоҳ мавқеи хешро миёни ҷомеа пайдо намуда, рӯзномаи рӯйимизии омӯзгорону донишҷӯён гардад. «Паёми донишҷӯ» мактабест, ки даҳҳо хабарнигори ҷавонро ба ҷодаи пурифтихори журналистика роҳнамоӣ кардааст.

Қадрдонии «Паёми донишҷӯ» аз ҷониби раёсати донишкада ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аҳли эҷоди нашрияро водор месозад, ки боз ҳам беҳтару бештар кӯшиш намуда, саҳми хешро барои пешравии донишкада, дар маҷмӯъ Тоҷикистони азизамон гузорем.

Раёсати донишкада ҳайати эҷодии нашрияи «Паёми донишҷӯ»- ро барои шарафёб шудан ба ин дастоварди шоиста таҳният гуфта, таманнои онро менамояд, ки ҳамеша дар ҷодаи журналистика пешгом ва сарбаланд бошанд. Муваффақияти рӯзнома боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ аст. Ҷоиза муборак бод, қаламкашони арҷманд.

diplom1
diplom2
diplom4
diplom5
diplom6

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…