Категорияҳо

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишкада бо иштироки ректор Маҳмадулло Раҷабзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва намояндаи сафорати Украина дар Тоҷикистон Свитлана Никитюк намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид.

Дар ҷамъомад маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандони гулдаст, аз қабили гулдӯзиҳои рангоранг, болишту кӯрпачаҳо, гилем, сабад, гаҳвора ва маҳсулоти кулолгарон, оҳангарон ва наҷҷорон ба маъраз гузошта шуд.

- Наврӯз чунин ҷашнест, ки барои муаррифӣ кардани ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, маҳз дар шароити буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ҳамкориву дӯстӣ ва пойдор нигоҳ доштани суннату анъанаҳои миллии мардумони кишвари ҳавзаи Наврӯз хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба субботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад,- изҳор дошт Маҳмадулло Раҷабзода.

- Зимни баргузории конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тарѓиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта тамоми кӯшиши худро равона созанд.

hunar1
hunar16
hunar17
hunar18
hunar19
hunar2
hunar20
hunar23
hunar24
hunar25
hunar26
hunar3
hunar5
hunar6
hunar7
hunar8
hunar9

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…