Категорияҳо

Ҳамасола 8 –уми март дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи модар ба таври васеъ, бо шукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии зан - модар таҷлил мегардад. Таҷлили бошукуҳи ин ҷашнвора - Рӯзи модар аз иқдомҳои наҷибу хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олиҳаи зиндагӣ сарчашма мегирад. Бахшида ба ин сана дар донишкадаи мо низ 6-уми март чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар ин чорабинӣ ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода, тамоми омӯзгорзанон ва донишҷӯйдухтарон иштирок доштанд.

М. Раҷабзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.

Сипас, раиси Шӯрои занони донишкада Дилноза Тӯраева дар мавзӯи «Мақоми бонувон дар соҳаи маориф» сухан ронда, зикр кард, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо эҳтимоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста дарёфт.

Қобили зикр аст, ки бахши фарҳангии ҳамоиши мазкурро барномаи омоданамудаи донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ҳусни рангин бахшид. Дар фарҷом аз ҷониби раёсати донишкада ба як зумра аз омӯзгорону кормандон туҳфаву ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

ruzi_modar11
ruzi_modar12
ruzi_modar15
ruzi_modar17
ruzi_modar18
ruzi_modar20
ruzi_modar21
ruzi_modar26
ruzi_modar27
ruzi_modar28
ruzi_modar29
ruzi_modar4
ruzi_modar7

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…