Категорияҳо

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада тибқи дастури ректор, профессор Маҳмадулло Раҷабзода бо мақсади дастаҷамъӣ тоза кардани саҳни таълимгоҳ ва ҳамзамон, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва нарм кардани бехи дарахтон шанбегӣ доир намуданд.

М.Раҷабзода ҷамъомадагонро дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, ахлоқию маънавӣ, гуманистию зебоипарастӣ, санитарию гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф даъват кард.

Ҳамчунин, роҳбарияти донишкада бо таъкид аз татбиқи сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи ҳар чӣ бештар аз имконоти мавҷуда барои рушду ободии кишвар ёдовар шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шанбегии навбатӣ бо ширкати беш аз 150 нафар рӯзҳои 3-юм ва 4-уми марти соли равон таҳти унвони “Ҳифзи табиат шиори мост” гузаронида шуд.

ashar1
ashar10
ashar11
ashar12
ashar13
ashar14
ashar15
ashar16
ashar17
ashar18
ashar19
ashar2
ashar20
ashar21
ashar22
ashar23
ashar24
ashar25
ashar26
ashar27
ashar3
ashar4
ashar5
ashar6
ashar7
ashar8
ashar9

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…