Категорияҳо

Ҳамасола дар ҳамдастӣ бо Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Наттоқони забони ҷопонӣ” баргузор мегардад, ки мақсад аз гузаронидани он ривоҷу равнақи омӯзиши ин забон аст. Рӯзи 3-юми март низ дар толори фарҳангии донишкада озмуни номбурда бо ширкати намояндаи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саиднеъмон Раҷабов иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо донишҷӯёнро ба ватандӯстиву худшиносӣ ҳидоят мекунад, чунки вақте аз фарҳангу забондонӣ ҳарф мезанем, ба ҳамаи мо равшану возеҳ аст, ки забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони ҳастии ҳар як қавму миллат аст.

Дар озмун 20 довталаб иштирок намуданд, ки 6 нафари онҳоро донишҷӯёни донишкадаи мо ташкил медоданд.

Шартҳои озмун чунин буд: қироати шеър ва ҳикоя бо забони ҷопонӣ ва баромад бо забони ҷопонӣ.

Қобили зикр аст, ки қаблан ин озмун танҳо бо ширкати донишҷӯёни донишкадаи мо сурат мегирифт, вале соли равон ба он намояндагон аз дигар муассисаҳои таълимии кишвар-ДОТ дар шаҳри Панҷакент, гимназияи “Ҳотам ПВ”-и пойтахт ва ДСРТ низ шомил шуданд.

Бино ба натиҷагирии ҳайати ҳакамон дар қисмати аввал, ки барои донишҷӯёни соли якум буд, мақоми 1-ум ва 2-юм ба Солеҳ Нозимов, Зуҳро Фахриддинова, донишҷӯёни бахши аввали факултаи забонҳои шарқи Донишкада ва ҷойи сеюм ба Маъруф Одилов донишҷӯи ДОТ дар шаҳри Панҷакент сазовор дониста шуд.

Ҳамзамон, муайян шуд, ки дар қисмати дуюм Мафтуна Султонзода, Мавлуда Расулова ва Нодира Аблақулова муҳассилини соли сеюми Донишкада сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм гардиданд.

Даври ниҳоии озмуни мазкур дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад, ки дар кори ҷамъбастии озмун ғолибони ҷойи 1-ум ва 2-юм ширкат маварзанд.

toshkand1
toshkand10
toshkand2
toshkand3
toshkand4
toshkand5
toshkand6
toshkand7
toshkand8
toshkand9

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…