Категорияҳо

Эълон!!!!

        Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни курси 5-уми ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идораи шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мерасонем, ки дар заминаи нақшаи таълимӣ дар даври академии даҳум фаъолияти таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ гардидааст.

       Дар ин замина ҳар донишҷӯе, ки тибқи ихтисос фаъолияти корӣ дорад, ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва карера пешниҳод гардонад:

  1. Дафтарчаи меҳнатӣ (нусха);
  2. Фармоиши таъйин ба кор (нусха);
  3. Маълумотнома аз ҷойи кор;
  4. Тавсифнома аз ҷойи кор.

      ЭЗОҲ: донишҷӯёне, ки тибқи ихтисос фаъолияти корӣ надоранд, дар даври академии даҳум ба таҷрибаомӯзии тахассусӣ фаро гирифта мешаванд.

Маъмурияти ШУЪБА

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…