Категорияҳо

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

           Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шуморо барои ширкат дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мактаби сулҳпарварии Пешвои миллат» даъват менамояд. Конференсия 15 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор мегардад.

 

Муҳокимаи мавзӯъҳои зерин дар назар дошта шудааст:

  1. Сарвари сулҳовар ва шахси таърихӣ;
  2. Президенти мо – ифтихори мо;
  3. Нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди давлатдории миллӣ;
  4. Абармарди накуном;
  5. Пешвои миллат кафили оромии мардум;

 

         Забонҳои расмии конфронс:  тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

         Барои ширкат дар конфронс то  10 ноябри соли 2018  матни гузоришҳоро дар ҳаҷми 5-10 саҳифа дар шакли чопӣ ва электронӣ дар формати MS WORD (Times New Roman 14, масофаи байни сатрҳо 1,5) ва маълумотро дар бораи муаллиф (ному насаб ба пуррагӣ, дараҷаи илмӣ, ҷои кор, вазифа, нишонӣ, телефонҳо барои тамос ва нишонии почтаи электронӣ) пешниҳод намоед.

         Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо нашр мешавад.

         Нишонии мо: 734058, Душанбе, кӯчаи Мухаммадиев 17/6, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода. Тел.: (992-372) 232-50-00; 232-87-30; 232-50-05; 934137333. Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;  

Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

Кумитаи тадорукот

Top
We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…