Хадамоти бехатарӣ

Хадамоти бехатарии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар назди хоҷагидор фаъолияти худро дар асоси Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода», Низомномаи хадамот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, масъули амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:

– коркард ва татбиқи системаи чорабиниҳо оид ба таъмини амният ва бехатарии фаъолияти истеҳсоли ва фаъолияти қисматҳои сохтории донишкада:

– ташкили кори реҷавӣ ва назорат дар факултетҳои донишкада оид ба ҳифзи ҷараёнҳои иттилоотӣ, системаҳои компютерӣ ва воситаҳои алоқа:

– ташкили муҳофизати зарурӣ, реҷаи иҷозатномати ва дохили иншоотӣ дар биноҳои таълимӣ ва маъмурии донишкада:

– таъмини амнияти бехатари роҳбарият, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада:

Ташкили истифодабарии фаврӣ ва корбурди воситаҳои техникии муҳофизат ва дигар воситаҳои махсуси техник:

– ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатӣ ба манфиати таъмини амният ва бехатарии донишкада:

– пешгӯи ва коркарди чорабиниҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои таъмини амният ва бехатарии донишкада:

-риояи қатъии Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва дастурамали вазифавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ:

– ташкили омӯзиш ва баландбардории сатҳи тахассусии кормандони хадамот, расонидани ёрӣ ба роҳбарони факултетҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо алоқаманданд.

Хадамоти бехатарии донишкада аз 2-июли соли 2015 таъсис ёфта, аз 8- нафар – сардори хадамот ва 7- нафар муҳофиз иборат мебошад.