Факултети забонҳои Осиё

ҚАЮМОВ Абдулмаъин Ҷумахонович

Дараҷа: номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Вазифа: декани факултети забонҳои Осиё

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: забони англисӣ ва фаронсавӣ

Тахассус (касб): муаллими забони англисӣ ва фаронсавӣ

Собиқаи умумии корӣ: 19 сол

Собиқаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 19 сол

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 2 32 51 27

E-mail: muinjanvar78@mail.ru

Факултети забонҳои Осиё бо назардошти ба вуҷуд омадани тағйирот дар сохтори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзолда” бо қарори Шӯрои олимон №11/6-1 аз 28.06.2019 аз шакли забонҳои Шарқ ба “забонҳои Осиё” табдили ном кард.

Факултети мазкур дар заминаи қисме аз ихтисосҳои собиқ факултети забонҳои хориҷӣ ва факултети филологияи тоҷик ва рус бо қарори Шӯрои илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, таҳти рақами №1 аз 12.09.2005 таъсис  ёфтааст. Бо ҳамин қарор ихтисосҳо ва кафедраҳои зерин ба тобеияти факултет гузаронида шуданд:

1-021700-забон ва адабиёти тоҷик;

1-021706-забони тоҷикӣ бо ихтисоси иловагии “забони англисӣ”;

1-021710-забони хитоӣ;

1-021711-забони японӣ;

1-021712-забони арабӣ бо ихтисоси иловагии “забони англисӣ”;

1-021715-забони кореягӣ бо ихтисоси иловагии “забони тоҷикӣ”

1-021700-021701 Таджикский язык и литература-Русский язык и литература в национальном школе;

1-021700-021705 Таджикский язык и литература-Английский язык;

1-021710-021700 Китайский язык- Таджикский язык и литература;

1-021711-021700 Японский язык- Таджикский язык и литература.

Кафедраи забон ва адабиёти Шарқи хориҷӣ ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷик.

Илова бар ин ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона ба тобеияти факултети забонҳои Осиё (собиқ забонҳои Шарқ) гузаронида шуд.

Аввалин декани факултети забонҳои Осиё Исрофилов Шарифмурод Раҳимович буданд. Баъдан вазифаи мазкурро Мирзоева Маҳина Меликовна иҷро карда, сипас масъулиятро ба зиммаи дотсент Восиева Рухшона Қурбоновна вогузор кардааст. Номбурда ин вазифаи пурмасъулро аз моҳи декабри соли 2010 ба уҳдаи профессор Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович вогузор намудааст. Профессор Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович роҳбарии факултетро аз соли 2013 ба зиммаи Аҳмадшо Саидов гузоштааст. Аз 28-уми сентябри соли 2015 то кунун вазифаи декани факултети забонҳои Осиё ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Қаюмов Абдулмаъин Ҷумъахонович вогузор карда шудааст.

Донишҷӯёни аввалин ихтисоси забони хитоӣ (тарҷумон) соли 2000, ихтисоси филологияи Шарқ (арабӣ-англисӣ) (тарҷумон) соли 2003, ихтисоси филологияи форсӣ (форсӣ-англисӣ) (тарҷумон) соли 2003, ихтисоси забони куриёӣ (тарҷумон) соли 2004, ихтисоси забони ҷопонӣ (тарҷумон) соли 2004 қабул гардиданд, ки он вақт фанҳои таълимии ин ихтисосҳо дар дохили кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ (аввалин мудири кафедра бо фармоиши ректори Донишкада таҳти рақами №73-6ш аз 21.10.2004 Исоев Маҳмадраҳим интихоб шудааст) зертобеи факултети забонҳои хориҷӣ буданд, ки роҳбарии факултетро Астанова Зиёда Халиковна ба уҳда доштанд.

Соли 2005 баъди таъсисёбии факултет, кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ ба ду кафедраи тахассусӣ, кафедраи забонҳои Шарқи Наздик ва кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (аввалин мудири кафедра Шоев Раҳматулло буданд) ҷудо карда шуд.

Баъдан соли 2012 ихтисоси забони хитоӣ-информатика ва соли 2016 ихтисоси забону кишваршиносӣ (ҳинду-англисӣ) (тарҷумон-референти забонҳои ҳиндӣ-англисӣ)  таъсис дода шуд.

Моҳи августи соли 2018 бо қарори Шӯрои олимони донишкада №1/4-6 аз 29.08.2018 кафедараи забонҳои Шарқи Наздик ва кафедраи забонҳои Осиёи ҷанубу Шарқи муттаҳид гардида, кафедра филологияи Шарқ номгузорӣ карда шуд. Вазифаи мудири кафедра бошад ба зиммаи марҳум Мақсудов Ҳасанбой вогузор гардид. Бояд зикр намуд, ки бо ҳамин қарор кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ минбаъд дар шакли кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ифода гардида, ҳамчун кафедраи тахассусӣ тобеи факултети забонҳои Осиё гардид ва вазифаи мудири кафедра ба зиммаи Султонҳайдаров Нуриддин вогузор карда шуд.

Илова кардан бамаврид аст, ки бинобар сабаби ба вуҷуд омадани тағйирот дар сохтори донишкада, бо қарори Шӯрои олимони донишкада №1/3-3 аз 28,08,2019 ва фармоиши ректор №99-од аз 29.08.2019 кафедраи филологияи Шарқ боз ба ду кафедраи нав, кафедраи филологияи Шарқи наздик (мудири кафедра Турсунов Ғ.) ва кафедраи филологияи забонҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ (мудири кафедра Саидзода В.) тақсим гардида,табдили ном карданд. 

Боиси ифтихор аст, ки факултети забонҳои Осиё бо як қатор сафоратхонаҳо ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳамкориҳои зич дорад. Аз ҷумла: 

Донишгоҳи технологии Гуилини Ҷумҳурии Халқии Хитой

Донишгоҳи Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой

Донишгоҳи Лиявнинги Ҷумҳурии Халқии Хитой (оид ба табодули донишҷӯён)

Донишгоҳи Кангнам, Йонгин Куриёи Ҷанубӣ

Донишгоҳи Кимёнги Куриёи Ҷанубӣ

Донишгоҳи Сукубаи Ҷумҳурии Ҷопон

Донишгоҳи Мусашинои Ҷопон

Донишгоҳи забонҳои Токиои Ҷопон

Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб

Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд

Фонди Ҷопон (JAPAN FOUNDATION)

Институти байналмилалии назди Донишгоҳи Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой (оид ба табодули магистрантон)

Мавриди зикр аст, ки дар давоми чор соли охир 340 нафар донишҷӯён аз рӯйи 6 ихтисос: 178 нафар бо ихтисоси забони чинӣ-тарҷумон, 40 нафар бо ихтисоси забони ҷопонӣ-тарҷумон, 25 нафар бо ихтисоси забони куриёӣ-тарҷумон, 63 нафар бо ихтисоси тарҷумон-референти забони арабӣ, 19 нафар бо ихтисоси тарҷумон-референти забони форсӣ ва 15 нафар бо ихтисоси забони чинӣ – информатика факултети забонҳои Осиёро хатм намуданд.

Ҳамин тавр, дар давоми 4 сол 340 нафар донишкадаро хатм намуданд. Аз ҷумла:

Тарҷумони забони чинӣ  – 178 нафар;

Тарҷумони забони ҷопонӣ – 40 нафар;

Тарҷумони забони куриёӣ –  25 нафар;

Филологияи Шарқ (забони арабӣ-англисӣ) –  63 нафар;

Филологияи форс (забони форсӣ-англисӣ) – 19 нафар;

Забони чинӣ. Информатика – 15 нафар.