Докторантура

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)
  1. Ариза ба ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамоҳангӣ бо мудири шуъба (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);
  2. Нусха (копия) – и дипломи зинаи магистратура бо замимаи баҳоҳо;
  3. Варақаи шахсӣ бо чор дона расми 4х6;
  4. Шарҳи ҳол;
  5. Хислатнома (характеристика);
  6. Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба докторантура супорида шуда бошад);
  7. Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;
  8. Тавсияи Шӯрои олимони факултет ба хатмкунандагони соли 2019 (бо баҳои 4 ва 5) ва тавсияномаи КАД (Комиссияи Аттестатсияи Давлатӣ)
  9. Маълумотномаи тиббӣ (Ф – 086);
  10. Дафтарчаи меҳнатӣ;
  11. Нусхаи шиноснома (копияи паспорт);
  12. Ҷузвдон (папка – файл)

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) тибқи барномаву талаботи кафедраҳои марбут бо фанҳои зикршуда сурат мегирад.