Забони куриёӣ

Нарх : сомонӣ 150

Муҳлат: 6 моҳ

Ҷой: 25

Замон: 12:30 - 17:10

Омӯзгор: Шин Нак Гюн

Бо иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи далатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 2004 бори аввал шуъбаи забони куриёӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз замони ифтитоҳи ин шуъба муаллимони соҳибзабон Шин Наг Кюн, Чой Ми Ҳи, Чу Мун Су, Ҳо Ин Вон ва Ли Санг Унг, Ан Дансе ва баъдан хатмкардагони шуъбаи мазкур Сурхова Фарзона, Одинаева Зебо ба таълиму тарбияи донишҷӯён камари ҳиммат бастаанд.

Феълан, дар шуъбаи мазкур омӯзгорони соҳибзабон аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Шин Наг Кюн, Чой Ми Ҳи  ва хатмкардагони ин шуъба Норахмедов Ирфон ва Мирзоев Довар, ки бо баҳои хубу аъло донишкадаро ба итмом расонидаанд, кору фаъолият мекунанд.

Бо ташаббуси муаллимони соҳибзабони шуъбаи забони куриёӣ як синфхонаи компютерӣ, дар дастрасии донишҷӯён қарор дошта ва маркази омӯзиши фарҳангу забони куриёӣ таҳти унвони “Шоҳ Сеҷонг” фаъолият менамояд, ки дар рушду нумӯи шуъбаи мазкур нақши назаррас доранд. Илова бар ин, соли 2007 аз тарафи Донишгоҳи Кемёнги Куриёи Ҷанубӣ Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги  Куриё  бо номи “Оҳактанг” барои ҳаводорон ва ихлосмандони ин забон кушода шуд ва дар он на танҳо забон, балки фарҳанг, тарзи пухтани хӯрокҳо, онвои либоси  мардуми Куриё ва монанди инҳо омӯзонида мешавад.

Қобили қайд аст, ки ҳар сол дар шуъбаи мазкур озмунҳои байналмилалӣ ба монанди “Иншои беҳтарин бо забони куриёӣ”, озмуни “Наттоқон” бо забони куриёӣ ва имтиҳонҳои гуногун барои ба такмили ихтисос сафарбар намудани мутахассисон аз тарафи Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ гузаронида мешавад, ки ғолибони он дар муддатҳои муайян ба Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ фиристода мешавад. Ҳамчунин, дар шуъба китобхона барои донишҷӯён ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд фориғ аз дарсҳо ба мутолиа машғул шаванд.

Ба ғайр аз ин, ҳамасола Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати донишҷӯён имтиҳон баргузор менамояд ва донишҷӯёне, ки имтиҳонро бо баҳои хубу аъло месупоранд, метавонанд бо туҳфаҳо сарфароз гарданд.