Забони ҳиндӣ

Нарх : сомонӣ 150

Муҳлат: 6 моҳ

Ҷой: 25

Замон: 12:30 - 17:10

Омӯзгор: Юнусӣ А.

Моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси роҳбарияти Донишкада ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада омӯзиши забони ҳиндӣ ба роҳ монда шуд. Ин ихтисос дар кафедраи филологияи Шарқи факултети забонҳои Шарқ фаъолият дорад. Муддати се сол аст, ки донишҷӯён забони ҳиндиро аз худ намуда истодаанд. Соли аввали таъсис ба ин гурӯҳ 24 нафар довталабон дохил шуда, минбаъд мутобиқи нақшаи пешбининамудаи Донишкада донишҷӯён ба шуъбаи мазкур қабул карда шуданд.

Барои омӯзиши бештари забони ҳиндӣ дар факултет синфхонаи забони ҳиндӣ мавҷуд аст. Синфхона бо тамоми лавозими зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, тахтаи электронӣ, ҷевон ва ғайра таъмин буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва омӯзиши забони ҳиндӣ мусоидат мекунад.

Дар шуъбаи мазкур устодон ва омӯзгорони тахассусӣ Саидзода В., Юнусӣ А., Азизова З. ва Фурқатзода М. ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд.

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёни шуъбаи мазкур ва бартараф намудани мушкилоти таълимӣ дар синфхонаи шуъба якчанд китобу маводи дарсӣ доир ба забони ҳиндӣ, адабиёт ва таъриху фарҳанги Ҳинд мавҷуд аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯён метавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд.