Забони форсӣ

Нарх : сомонӣ 150

Муҳлат: 6 моҳ

Ҷой: 25

Замон: 12:30 - 17:10

Омӯзгор: Қиёмзода А.

Шуъбаи забони форсӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2004 фаъолият намуда, омӯзиши забони форсӣ низ баъди таваққуфи муваққатӣ аз рӯи ихтисоси тарҷумони забонҳои форсию англисӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Дар самти таълими забони форсӣ хидматҳои устодони гиромии соҳибзабон Беҳҷатхонум Саидӣ, Аъзамхонум Таваккулӣ, Пагоҳ Зиндабод, Муҳаммад Қулизода ва мутахассисони  соҳибтаҷрибаи ватанӣ дотсент Н. Саркоров, М. Кенҷаев, марҳум А. Эгамов, П. Кабирӣ ва дигарон пурарзишанд.

Тӯли фаъолияти хеш шуъбаи забони форсӣ тавонист дар омӯзиши забону адабиёти форсӣ саҳми назаррас гузошта, омӯзгорони он фаъолияти хешро баҳри омода сохтани мутарҷимони хушсалиқае, ки аз маҳорату малакаҳои амиқи назарию амалии забонӣ, инчунин донишҳои пухтаю ҳамаҷонибаи касбӣ бархурдоранду ҷаҳонбинии пешқадам доранд, муваффақона пеш мебарад.

Феълан дар шуъбаи мазкур 2 нафар дотсентон – Саркоров Н., Мухторова Ф.С., 1 нафар муаллими калон – Турсунов Ғ.А. ва 1 нафар ассистент – Қиёмзода А.А. ба таълиму тарбия машғуланд.