Забони арабӣ

Нарх : сомонӣ 150

Муҳлат: 6 моҳ

Ҷой: 25

Замон: 12:30 - 17:10

Омӯзгор: Баюмӣ

Соли 2004 шуъбаи забони арабӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамон сол ҷиҳати ташкил ва таъмини хушсифати раванди таълими  забони арабӣ кафедраи забонҳои Шарқи Хориҷӣ таъсис ёфт. Ду соли аввал, яъне солҳои 2004 ва 2005,  донишҷӯён аз рӯи ихтисоси тарҷумони забонҳои арабию англисӣ қабул шуданд. Минбаъд то соли 2012 қабулу омодасозии мутахассисони забони арабӣ танҳо аз рӯи ихтисоси «Бакалавр, тарҷумони забони арабӣ» сурат гирифт. Аз соли таҳсили 2012-2013 қабул ба шӯъбаи арабӣ боз аз рӯи ихтисоси тарҷумони забонҳои арабию англисӣ идома дорад.

Устодони нахустини шӯъбаи арабӣ профессор Х.М. Зиёев, шодравон дотсент М. Исоев, дотсент муаллими калон Ҳ. Анақулов, муаллимон Н. Тиллоев, М. Сайдаралиев, А. Абдуллоев,  А. Абдуҷабборов, Ҳ.Мирзоев, И.Сатторов, М. Байюмӣ, марҳум Б. Шукуров ва дигарон буданд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари кафедра саҳми босазои худро гузоштаанд.

Минбаъд устодони варзида ҷидду ҷаҳди тамом доранд, то омӯзиши асосҳои забони арабӣ аз рӯи анқариб 50 фанни таълимӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Аз ҷумлаи омӯзгорон, номзадҳои илм-дотсентон (марҳум Махсудов Ҳ., Байюмӣ М., Сафаров М.) муаллимони калон Сатторов И., Мирзоев Ҳ., Эшонхонов А., Аҳёев М.) ва ассистентон (Қобилов Ф., Сайфуллоев М.) мебошанд. Онҳо нозукиҳои забони арабиро дар таълимгоҳҳои олии тахассусии  Ҷумҳурии Мисри Араб, Арабистони Саудӣ Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Судон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтаву андӯхтаанд. Боиси хушнудист, ки дастпарварони донишкада низ дар паҳлӯи устодони худ истода, маҳорати педагогиашонро сайқал медиҳанд.

Шоистаи ёдоварист, ки шогирдони шуъба сабақҳои хешро аз асосҳои сарфу наҳви арабӣ аз дасти устоди варзидаи соҳибзабон Муҳаммад Байюмӣ (Миср; каломи зиндаи арабӣ, таърихи забони арабӣ, фонетикаи назарӣ ва амалӣ, услубшиносии забони арабӣ, сарфу наҳву қироат ва ғ.)  мегиранд.

Дар айни замон устодони кафедра мунтазам барои гузаронидани давраҳои бозомӯзӣ ва курсҳои махсуси марбути забони арабӣ ба таълимгоҳҳои олии дигар аз дохилу хориҷи кишвар даъват мешаванд, ки ин баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши онҳо мусоидат мекунад.

Назди кафедраи забонҳои Шарқи Наздик китобхонаи тахассусӣ фаъолият мекунад, ки дар ихтиёри худ беш аз 400 нусха адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва бадеӣ ба забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ дорад. Қисми ағлаби ин кутуб дастранҷи муҳаққиқини номдори араб буда, бо сифати аъло дар чопхонаҳои беҳтарини олами араб ба табъ расидааст. Шогирдон аз рафи ҷевонҳо метавонанд, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии лозимиро доир ба ҳамаи 12 фанни забони арабӣ – илмуллуғат, сарф, наҳв, баён, маъонӣ, бадеъ, арӯз, қавофӣ, имло, иншо, хитоба ва муҳозара, инчунин давраҳои гуногуни таърихи адабиёти араб пайдо намоянд. Ҳамчунон ба хидмати толибилмон 3 харитаи кишварҳои араб ва наздики 60 маводди ёридиҳанда дар шакли лавҳаҳои аёнӣ гузошта шудаанд, ки дар онҳо  қоидаҳои асосии грамматикаи забони арабӣ ба таври сабуку фаҳмо бо чопи аълосифати ранга инъикоси худро ёфтаанд. Ногуфта намонад, ки як қисми муҳимми фонди китобхонаи кафедраро қомусу луғатномаҳо, фарҳангҳои тафсирию  мӯъҷамҳои машҳуртарин забони арабӣ ташкил менамоянд. Бешубҳа, гаронбаҳотарини онҳо ба маънои аслию маҷозӣ мӯъҷами «Лисону-л-ъараб»-и Ибни Манзур дар 40 ҷилд мебошад.