Бакалавриат

Бакалавриат (Undergraduet Study) – барномаи таҳсилоти олии касбии пурраест, ки хатмкунандагони ин зинаи таҳсилот ба дараҷаи академии бакалавр ноил мегарданд.

Нақшаҳои зинаи таҳсилоти бакалавриат аз бахшҳои зерин иборат мебошанд:

а) бахши фанҳои гуманитарӣ;

б) бахши фанҳои табиӣ-риёзӣ;

в) бахши фанҳои умумикасбӣ;

г) бахши фанҳои тахассусӣ.

Дар зинаи бакалавриат ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит 24 соат муқаррар карда мешавад. Таркиби 1 кредит барои барномаи бакалавриат – 8 соати дарси аудиторӣ, 8 соати корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 8 соати корҳои мустақилонаи донишҷӯ муқаррар гардидааст.