Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон аз соли 2008 то 2011 дар тобеияти шуъбаи таълими ДДЗТ фаъолият намуд. Аз соли 2011 бахши алоҳида таъсис дода шуд, ки он дар тобеияти раёсати таълим буда, бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера номгузорӣ шуд. Бахши мазкур аз ду корманд – роҳбар ва мутахассиси пешбар иборат мебошад. Бахши номбурда дорои Низомнома буда, тибқи он фаъолият менамояд.

Ҳоло бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон номгузорӣ шуда, бо шуъбаи маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва дигар шуъбаҳои маориф шартномаҳои ҳамкории тарафайнро ба имзо расонидааст. Донишҷӯёни факултети забони англисӣ, филологияи тоҷик, филологияи руси донишкада таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгориашонро дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Синои Шаҳри Душанбе мегузаронанд. Вазифаи бахш аз сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорию тарҷумонӣ ва назорат бурдан аз болои ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони донишкада мебошад. Аз тарафи бахш Низомномаҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ таҳия гардида, бо қарори Шӯрои олимон тасдиқ шудааст. Инчунин, дастур ва барномаҳои методии таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ коркард шудаанд, ки аз онҳо устодону таҷрибаомӯзон ба таври васеъ истифода мебаранд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯ:

  1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)
  2. Роҳхат аз бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера
  3. Барномаи кори таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисос
  4. Тавсифнома аз муассисае, ки донишҷӯ дар он таҷрибаомӯзӣ гузаштааст
  5. Ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ

Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯ:

  1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)
  2. Нақшаи тақвимӣ
  3. Нақшаи кори тарбиявӣ
  4. Нақша-конспекти дарси тарбиявӣ
  5. Нақша- конспекти дарси як соата
  6. Дафтари таҳлили машғулиятҳои дарсӣ
  7. Тавсифномаи психологӣ-педагогӣ барои як хонанда ва ё гурӯҳи синф
  8. Воситаҳои аёнӣ
  9. Тавсифномаи роҳбарияти мактаб ба фаъолияти омӯзгории таҷрибаомӯз
  10.  Ҳисобот