Бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ

Бахши таҳлилӣ – иттилоотӣ яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳисоб рафта, бо қарори Шӯрои олимон №6/4-3 аз 31 январи соли 2019 бо фарогирии ду воҳиди корӣ (роҳбар ва мутахассиси бахш) ташкил гардидаст.

Мақсади асосии ташкили бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ муаррифии донишкада (тавассути рӯзнома, сомонаи расмӣ), таҳрири мақолаҳо, фишурдаҳо ва дигар маводи публисистика ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати таълим буда, фаъолияти рӯзнома ва сомонаи расмии донишкадавиро аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад.

Бахш масъули амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:

– Иштирок дар омодасозӣ ва гузаронидани намоишгоҳҳо, конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии донишкада.

– Тавассути чопи маводи таҳлилӣ дар нашрияҳо (сомонаи расмӣ) бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар ҳаёт ва фаъолияти донишкада ҷойдошта.

– Роҳандозии фаъолияти таҳлилӣ – иттилоотӣ.

– Паҳн намудани ахбор оид ба ҳаёти илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар байни ҷомеа.

– Таблиғи фаъолияти илмии олимону докторон, аспирантону магистрантони донишкада ва муассисаҳои пешқадами илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба самтҳои гуногуни соҳавӣ.

– Ба раёсати донишкада ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта андешаю таклифҳо пешниҳод намояд.

– Барои дастрасии умум ба рӯзнома, маҷаллаи илмӣ ва сомонаи расмии донишкада кӯшиш ба харҷ медиҳад.

– Бахш ҳуқуқ ва манфиатҳои донишкадаро ҳифз менамояд, барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоте, ки аз ҷониби раёсати донишкада дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ супорида мешавад, масъулият зоҳир менамояд.

– Роҳбарӣ ва саривақт доир намудани маҳфили рӯзноманигорони ҷавон “Тулӯи сухан” Айни ҳол дар бахш 2 – нафар – Маҳкамов Дороҷон – роҳбари бахш ва Давлатова Савринисо – мутахассис фаъолият доранд.