Ҷашнҳои давлатӣ

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РӮЗҲОИ ЗЕРИН ҲАМЧУН РӮЗҲОИ ИД ҚАЙД КАРДА МЕШАВАНД:

– Соли нав – 1 январ;

Рўзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 10 январ; 

– Рӯзи кормандони мақомоти гумрук – 22 январ; 

Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 25 январ;

– Иди Сада – 30 январ; 

– Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал;

– Рӯзи Модар – 8 март;

– Рӯзи матбуот – 11 март;

– Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура – 14 март;

– Рӯзи фарҳанг – 20 март; 

– Рӯзи зиёиёни эҷодкор – 20 март;

– Иди байналмилалии Наврӯз – 21-24 март;

– Рӯзи иқтисодчиён – 8 апрел;

– Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ – 10 апрел;

– Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва  фарҳангӣ – 18 апрел;

– Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми  моҳи апрел;

– Рӯзи илми тоҷик – якшанбеи сеюми моҳи апрел;

– Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ – 26 апрел;

– Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май;

– Рӯзи кормандони мақомоти андоз – 4 май;

– Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа – 7 май;

– Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май;

– Рӯзи Шашмақом – 12 май;

– Рӯзи байналмилалии оила -15 май;

– Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май;

Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май;

– Рӯзи адвокатҳо – 26 май;

– Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ – 28 май;

– Рӯзи кормандони соҳаи кимиё – якшанбеи охири моҳи май;

– Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн;

– Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 5 июн;

– Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ – якшанбеи якуми моҳи июн; 

– Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук – якшанбеи дуюми моҳи июн

– Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн;

– Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия – 6 июл; 

– Рӯзи маъюбон – 8 июл;

– Рӯзи моҳипарварон – якшанбеи дуюми моҳи июл;

– Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ – якшанбеи сеюми моҳи июл; 

– Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ – 25 июл; 

– Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ – 30 июл; 

– Рӯзи варзишгарон – 10 август;

– Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон – якшанбеи дуюми моҳи август; 

– Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ – 17 август;

– Рӯзи кормандони роҳи оҳан – 17 август;

– Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август;

– Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон – якшанбеи сеюми моҳи август;

– Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт – якшанбеи охири моҳи август; 

– Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ – 1 сентябр;

– Рӯзи дониш – 1 сентябр;

– Рӯзи авиатсия – 3 сентябр;

– Рӯзи Гвардияи миллӣ – 3 сентябр;

– Рӯзи китоб – 4 сентябр;

– Рӯзи кормандони саноати нафту газ – якшанбеи аввали моҳи сентябр;

– Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр;

– Рӯзи мелиораторон – 13 сентябр;

– Рӯзи роҳсозон – якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

– Рӯзи кормандони ҷангал – якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

– Рӯзи Рӯдакӣ – 22 сентябр;

– Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ – якшанбеи охири моҳи сентябр; 

– Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр;

– Рӯзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ – 30 сентябр;

– Рӯзи пиронсолон – 1 октябр; 

– Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр;

– Рӯзи омӯзгорон – якшанбеи якуми моҳи октябр;

– Рӯзи Фалак – 10 октябр;

– Рӯзи кормандони мақомоти адлия – якшанбеи дуюми моҳи октябр

– Рӯзи соҳибкорон – 14 октябр;

– Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр;

– Рӯзи кинои тоҷик – 16 октябр;

– Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр; 

– Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон –  6 ноябр; 

– Рӯзи театри тоҷик – 7 ноябр;

– Рӯзи кормандони милитсия – 10 ноябр; 

– Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр;

– Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр;

– Рӯзи кормандони мақомоти молия – 7 декабр;

Рӯзи геологҳо – 9 декабр;

– Рӯзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр;

– Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон – 18 декабр;

– Рӯзикормандони соҳаи энергетика – 22 декабр; 

– Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ – 28 декабр;

– Иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад; 

– Иди Қурбон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад. 

 РӮЗҲОИ ЗЕРИНИ ИД РӮЗҲОИ ҒАЙРИКОРӢ ДОНИСТА МЕШАВАНД:

1 январ – Соли нав;

– 8 март – Рӯзи Модар;

– 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз;

– 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

– Рӯзи иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад; 

– Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад.