ОМӮЗГОРОН НЕРУИ ҲИФЗКУНАНДАИ ЗАБОН

Бо ташаббуси раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муносибати Рӯзи омӯзгор 4-уми октябр таҳти унвони «Устод – рањнамои њаёт» чорабинии идона баргузор гардид.

Ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода омӯзгорон, шогирдон ва тамоми кормандонро ба ифтихори ҷашнҳои фархунда- Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки омӯзгорон неруи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, имрӯз масъулияти пуршарафи худро сарбаландона иҷро мекунанд.

 Муовини ректор оид ба таълим, дотсент Маҳмудхон Шоев ва муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Зебониссо Бобоалиева баромад карда, нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли оянда ва ба воя расондани неруи тавонои ватандӯсту меҳанпараст бениҳоят бузург арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар қисми дуюми чорабинӣ як зумра омӯзгорон ва устодони собиқадор бо ифтихорномаи ректори донишкада қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба чанд нафар корманд ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии бахши фарҳанги донишкада пешниҳоди ҳозирин гардид.

20191004_144947
20191004_144157
20191004_143826
20191004_143722
20191004_142132
20191004_142001
1
Категория: